(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раиси шаҳр дар чорабинии хайриявӣҲамасола бахшида ба рӯзи маъюбон, ки санаи 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад, дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Муҳаммадамин Исомаддинзода дар чорабинии Хонаи пиронсолони шаҳр иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар баромади хеш қайд намуд, ки парасторӣ ва эътибори хоса ба нафарони эҳтиёҷманд ба хусус шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ аст. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нисбати пирону барҷомондагон, ашхоси бо онҳо баробаримтиёз, одамони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.» зикр кард Маъруф Муҳаммадзода.
Барои бошандагон дастурхони хайриявӣ ороста шуда, ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муассисаи мазкур чангкашак, обгармкунаки барқӣ, мошинаи ҷомашӯӣ тақдим карда шуд.