(1 голос, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Меҳрномаи Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи маъюбонҲар сол 8-уми июл дар миқёси ҷумҳурӣ расман таҷлил гардидани Рӯзи маъюбон ва пиронсолон нишони арҷгузорӣ нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир костагие дар вуҷуди худ доранду бар асари он маъюбанд ва ё рӯзи қадри инсонҳои мӯътабарест, ки беҳтарин рӯзҳои умри хешро сарфи меҳнати пурсамар баҳри ободию рушди кишвар карданд ва имрӯз дар халқаи пайвандону аҳли оила айёми хуши пириро сипарӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро меёбад. Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат ба дӯш доранд.
Онҳо ҳама вақт дастгирии давлату ҳукуматро эҳсос мекунанд, аз ғамхориҳо ҳамеша бархурдоранд. Мунтазам изофа кардани нафақапулии маъюбону пиронсолон, ҷорӣ кардани имтиёзҳо, аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём инҳоанд номгӯи нопурраи тадбирҳое, ки ҳукумат ҳамеша барои дастгирии моддию маънавии маъюбону пиронсолон раво мебинад, коре мекунад, ки норасогиҳои муваққатии зиндагиро пирону маъюбон ҳарчӣ камтар эҳсос намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоятамон мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нисбати пирону барҷомондагон, ашхоси бо онҳо баробаримтиёз, одамони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.
Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки пирон, маъюбон ва ниёзмандон нафақапулиашонро сари вақт гирифта тавонанд ва иҷрои Барномаи дарозмуддати «Ғамхорӣ», ки муҳимтарин нуқтаҳои принсипи инсонпарвариро фарогир асту маҳз ба ҳамин хотир мураттаб шудааст, марҳила ба марҳила таъмин карда шавад. Ин амали хайр аз ҷониби корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ низ дастгирӣ меёбад.
Ҳамеша сарбаланд бошед!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Маъруф Муҳаммадзода