(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар хатнатӯйии хайриявӣ иштирок намудМувофиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ва оилаҳои камбизоат тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар тарабхонаи «Ленинобод»-и маркази вилоят бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорони кумитаи маҳаллаи «1 Май» маросими хатнатӯйи панҷ нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
Дар маросими хайриявӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуда, кӯдакону волидайни онҳоро бо ин рӯзи хотимонашон табрик намуд. Ба ҳамаи онҳо кӯмакпулӣ либоси тӯёна ва дучархаи кӯдакона тақдим карда шуд.
Ҳунармандони Хонаи маданияти шаҳри Хуҷанд бо савту таронаҳои худ ба ин чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.