(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози мавсими нави Мактаби варзишӣ баъди таъмирИмрӯз дар Мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шиноварӣ баргузор гардид.
Дар чорабини мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода ва сардори Идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон ширкат намуданд. Пеш оғози мусобиқа Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиронро бо 20 солагии Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд: « Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон варзиш аз нав равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз таъмир бароварда шудани бинои маъмурӣ, толори варзишӣ, азнасозии ҳавзи шиноварӣ ва болопӯш гардидани боми Муассиссаи давлатии “Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ” тӯхфаи арзандаест барои сокинон ва ҷавонону наврасон, ки мо дар мавриди ба истифодадиҳии он қарор дорем”.
Қибили қайд аст, ки мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд соли 2008 бунёд ёфта дар он варзишгарон аз рӯи намудҳои бокс, шиноварӣ, қайиқронӣ, варзиши сабук, каратэ-до бештар аз 500 нафар ҳамарӯза машқ мегузаронанд.
Давоми чанд соли охир бинои мактаб ва иншооти он ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ дошт. Бо максади беҳтару бештар намудани сатҳу сифати омодагии варзишгарон барои таъмири пурраи ин муассиса Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бештар аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
То имрӯз тамоми корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонда шуда, он имрӯз дигарбора мавриди истифода қарор дода шуд.