(1 овоз, миёна 3.00 аз 5)

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣЧойхона-ошхонаи нав баҳри мардум

Дар маҳаллаи 20-уми  шаҳри Хуҷанд яке аз соҳибкори чашми кордону ҳалим ва савобкори хуҷандӣ Умедҷон Ҷӯраев барои 80-90 нафар сокинони шаҳр ва берун аз он чойхона-ошхонаро сохта, ба истифода дод. Он дорои 3 утоrи алоҳида ва толор бо ҷойҳои нишаст муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти фароғатӣ мебошад.

Дар хизмати мизоҷон аз пагоҳ то бегоҳ ошпазҳои соҳибтаҷриба ва пешхизматони чойхона-ошхонаомода мебошанд. Нӯшокиҳои гуногуни ғайриспиртӣ, намудҳои мухталифи таомҳои миллию аврупоӣ тайёр ва пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.