(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Истироҳати хонандагон дар «Парвоз» оғоз ёфтДар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» воқеъ дар ноҳияи Бобочрн Ғафуров мавсими имсолаи истроҳати хонандагон оғоз гардид.
Шоми рӯзи гузашта дар ин истироҳатгоҳ маросими ифтитоҳи мавсими нав баргузор гардид. Дар басти якуми истироҳатгоҳи "Парвоз" шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд 150 нафар хонандагон аз оилаҳои эҳтиёҷманд давоми 12 рӯз ба фароғату таьлим фаро гирифта мешаванд.  Лозим ба ёдоварист,ки аз  шумораи умумии    истироҳаткунандагон  бештар аз 30 нафарашонро наврасони ятим ташкил   медиҳад.  Дар басти дуюм бошад боз 150 нафар толибилмони макотиби маркази вилоят ки давоми соли хониш ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гаштаанд ҷалб карда мешаванд. Дар ҳар ду баст барои ин наврасон истроҳат ройгон буда бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маьруф Муҳаммадзода наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаст. Дар басти сеюм барои боз 150 нафар хонандагони хоҳишманд  истироҳати  тобистона  ташкил карда мешавад ки маблағи он барои 12 рӯз 200 сомонӣ барои ҳар як нафарро  ташкил медиҳад.
Истроҳатгоҳи "Парвоз" шӯьбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар мавзеи хушбодуҳавои " Қотма" и ноҳияи Б.Гафуров ҷойгир аст.