(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чорабинии “Шоми ҷавонӣ”- даъват ба ҳамдилӣБахшида ба 20- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳафтаи гузашта  дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла дар баромадаш зикр сохт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳода, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон сол то сол беҳтар мегардад. Баргузори чорабинии имрӯза, ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ рӯи кор омадааст, маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст. Гузашта аз ин, имсол барои ҳар як насли худогоҳи миллат соли хотирмон мебошад. Зеро бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- Соли ҷавонон эълон гардидааст. Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ин сол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чорабиниҳои гуногуН аз қабили баргузории фестивал-озмуни «Гулдухтари Суғдӣ», «Хурӯши ҷавонӣ», спартакиадаи донишҷӯён, озмунҳои гуногуни зеҳнӣ доир гардида истодаанд, ки гумон мекунам барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷавонон ин тадбирҳо нақши калон мебозад.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруди “Ватан” дар иҷрои донишҷӯи курси 1 Рустам Ғуфронов оғоз ёфт. Суруди “Ҳоло ки ман ҷавонам” аз ҷониби аҳли нишаст хуш пазируфта шуд.
Гурӯҳи донишҷӯдухтарон рақси помирӣ, рақс бо номи “Илтиҷо”, “Дар вақти гули анор”, “Ҳаво-ҳаво”, “Атлас”-ро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Бадеҳаҳои  “Бозубанд” ва “Бобораҳмону Бибирайҳон” дар иҷрои Бурҳонов Эҷод, Бобомуродова Нодира ва Иброҳимов Имомназар ва Бобомуродова Нодира, суруд дар иҷрои Фараҳманд Каримов хеле хуб сароида шуданд. Баромади маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон табъи мухлисонро шод гардонд. Чорабинии фарҳангӣ бо сюитаи рақсии “Парчам” хотима пазируфт.