(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷрибомузии донишҷуёни ДДХ дар ҷануби кишварЯк ҳайати гурӯҳи донишҷӯёни курси сеюми шуъбаи рӯзонаи факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла Барчиной Вайдуллоева, Музаффар Ёрматов, Гулноза Қаҳорова Нигора Мирахматова, Диёра Султонхоҷаева, Муаззама Умарзода, Элёр Пӯлотов, Парвина Холиқова, Нодира Бегзамоновна, Таҳмина Азимбекова, Шарофат Мирзоева, Шаҳбоз Раупов, Эҳром Раҷабов, Ислом Турсунов, Дилшод Шобобоев, Мирзошариф Аҳроров бо роҳбарии профессор Садриддин Абдураҳимов тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии таълимии байниминтақивии дур аз санаи 12.06.2017 то санаи 22.06.2017 сафарбар гардиданд. Донишҷуёни таҷрибомуз бо хатсайри Хуҷанд – Душанбе –Роғун - Сангвор – Қалъаи Хумб – Хоруғ – Ишкошим-Душанбе– Хуҷанд ҳаракат намуда, таҳти роҳбари хеш профессор Садриддин Абдураҳимов сарватҳои табии минтақаро мушоҳида, назорат намуда,  азхудкунии усули ҷамъоварии маводҳо дар зинаи аввал ва коркарди он меомузанд. Ҳамзамон ба ин васила эшон савияи дониши хешро аз фанҳои географияи табиӣ, географияи аҳолӣ, асосҳои истеҳсолот ва географияи иқтисодӣ баланд намуда, шакли истифодабарии канданиҳои табиӣ, раванди бавуҷудоии офатҳои табиӣ ва ғайраҳоро омухта, донишҳои назариявии хешро дар ин самт ба амалия татбиқ хоҳанд намуд.