(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Паёми мирӣ: Армуғон – аробачаи маъюбӣБа ифтихори Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Тоҷикистон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба панҷ нафар маъюбони ниёзманд аробачаи маъюбӣ тақдим намуд. Бо ин мақсад Раиси шаҳр ба аёдати сокинони шаҳр, кӯчаи ба номи Хуҷанд, 84 - Муинҷон Ҳомидов, кӯчаи ба номи Сангин Полвон, 12 - Гулида Муҳаммадҷонова, кӯчаи ба номи Пушкин, 54 - Қодир Қайюмов, маҳаллаи Чашмаи арзана, кӯчаи ба номи М.Собирова, 20 - Адиба Ёрматова ва маҳаллаи 12, бинои 30, ҳуҷраи 28 - Собирҷон Қодиров омада, номаи табрики Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кӯмаки моддӣ-маҳсулоти ғизоиро расонид.

Паёми мирӣ: Армуғон – аробачаи маъюбӣБояд қайд намуд, ки ин амали хайру савоб дар асоси дастуру супоришоти Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ба сомон расонида шуд ва он намунаи барҷастаи инсондӯстӣ барои шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон дар оғози моҳи шарифи Рамазон мебошад. Зеро, Сардори давлат борҳо зикр намудаанд, ки ғамхориву дастгирии маъюбону пиронсолон қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус маҳсуб мешавад.

Сокинон баробари гирифтани армуғони идона даст ба дуои нек бардошта, таманнои намуданд, ки оромиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон поянда бошад.