(2 голоса, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари дасгоҳро муаррифӣ намудИмрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд қабл аз ҳама ҳозиронро бо қарорҳои дахлдор доири тағйироти кадрии мақомоти шаҳрдорӣ ошно намуд.
Мувофиқи Қарори  Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 08 майи соли равон Абдуваҳоб Ҳомидов роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Ҳамчунин Даврон Шокиров мувофиқи фармони директори генералии КВД Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд, директори корхонаи истифодабарии манзили соҳили чап таъин карда шуд.
Маъруф Муҳаммадзода ба нафарони навтаъингашта барои кору масъулияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳамчунин доири фаъолияти идораи сабти асноди ҳалатҳои шаҳрвандӣ Шаҳло Мирзозода маълумоти мухтасар дод. Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари дасгоҳро муаррифӣ намудРаиси шаҳри Хуҷанд ба Шаҳло Мирзозода дар мавриди истифодаи ҳамаҷонибаи корбарии электронӣ ва сари вақт пешниҳод намудани ҷавоб ба муроҷиати шаҳрвандон, пешниҳоди маълумоти саривақтӣ дастуру супоришҳо дод. Дар маҷлис Раиси шаҳри Хуҷанд ахбороти мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Маъруф Алибоевро доири рафти иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ шунид. Дар ин замина ҷиҳати сатҳу сифати корбарии аъзоёни комиссияи даъват, раисони кумитаи маҳаллаҳое, ки то имрӯз аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромадаанд, эродҳои ҷиддӣ гирифта, супоиш дод то дар мӯҳлати  кӯтоҳтарин нақшаи даъват ба иҷро расонда шавад.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои вусъати корҳои омодагӣ барои пешвози сазовори санаҳои таърихӣ ва Рӯзҳои ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод.