(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сафири давлати Украина дар шаҳри ХуҷандСафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк ба вилояти Суғд бо сафари корӣ қарор дорад.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Сафири давлати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк бо бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мулоқот оростанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Виктор Никитюкро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки мулоқоти имрӯза баёнгари дӯстию рафоқати мардуми ин ду кишвар аст.
Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки дар бартарафсозии ин садама аз вилояти Суғд беш аз 1000 нафар шаҳрвандон иштирок намудаанд. Дар вилояти Суғд ба бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил эътибори махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор доранд ва ба хотири гиромидошти номи неки бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар шаҳри Хуҷанд лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.
Бояд қайд кард, ки Виктор Никитюк дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”, Боғи миллии “Ваҳдат”, шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб боздид ба амал меорад.