(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Подоши меҳнати ҳалолМаҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 13 марти соли равон пур аз собиқадорону мутахассисони соҳаи сохтмони шаҳру ноҳияҳои вилоят буд. Ҳамзамон, дар байни онҳо намояндагони мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995-умро дидан мумкин буд. Ҳама бо мақсади бо ҷашни 75-солагӣ шодбош гуфтани Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Аълочии сохтмони Иттиҳоди Шӯравӣ Мирзоҳамдам Баҳодуров ҷамъ омада буданд.
Чорабинии тантанавиро ба ифтихори ҷашни милоди ин сохтмончии асил бо сухани ифтитоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо тарҷумаи ҳоли Мирзоҳамдам Баҳодуров шинос кард. Маълум гардид, ки ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, пас аз хатми мактаби миёнаи №5-ум фаъолияти меҳнатиашро соли 1959 ҳамчун коргари оддӣ дар экспедитсияи геологию ҷустуҷӯии Маскав, воқеъ дар мавзеи Чоркӯҳ оғоз кардааст. Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон ба итмом расонида, чун мутахассиси ҷавон барои кор ба Комбинати навтаъсиси хонасозии шаҳри Қайроққум ба кор омад. Бо ташаббусу таклифҳои ратсионализаторӣ ба корҳои сохтмон дигаргуниҳои зиёд ворид кард.
Шариф Шарифзода доир ба хизматҳои Мирзоҳамдам Алиевич дар бунёди биноҳои баландошён дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истиқлол, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маълумот дод.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аминҷон Бобоҷонов табрикоти муовини Раиси вилоят Анвар Яқубиро қироат намуда, ба соҳибҷашн, ки беш аз 40 сол дар соҳаи сохтмон заҳмат кашидааст, умри бобаракату саломатии устувор таманно кард.
Намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мӯъминҷон Бобоев номаи шодбошии раиси кумитаро ба самъи ҳозирин расонида, ба ин марди дилбохтаи соҳаи сохтмон давлати пириву хонаи обод орзу намуд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони соҳаи сохтмон Юсуф Қурбонов баробари табрики соҳибҷашн аз лаҳзаҳои нотакрори ҳамкориашон бо ин инсони поктинат нақлҳои ҷолиб кард.
Аз номи дӯстон ва депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990-1995 Ғаффорхон Муҳиддинов сухан карда, дар хусуси иштирок дар иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад ва Мирзоҳамдам Баҳодуровро бо рӯзи милод самимона табрик намуда, дар ҳаққаш суханони меҳрбор ба забон овард.
Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров аз сарвари авлод будани амакаш Мирзоҳамдам Алиевич ҳарф зада, иброз дошт, ки пас аз фавти падараш ин кас тақдирҷунбони аҳли авлод ва маслиҳатгару раҳнамою дилсӯзи хешу пайвандон мебошад ва ҳамеша баҳри поянда нигоҳ доштани обрӯи хонаводаи Мирзобаҳодуровҳо мекӯшад.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода дар интиҳои чорабинӣ  бори дигар Мирзоҳамдам Баҳодуровро бо ҷашни 75-солагӣ муборакбод намуда, ба ӯ дили шод, тани баофият таманно кард ва дар тарбияи шогирдон барору комёбӣ хоста, чорабиниро ҷамъбаст намуд.