30 Июн 2013
Таҳти чунин унвон китоби навбатии докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров Низомиддин Муродӣ ба дасти хонандагон расид. Китоби мазкур, ки ҷилди нахустин буда, тадқиқоти аввалин перомуни адабиёти форсизабони Чин ва таъсири бузургони адаби форсу тоҷик ба адабиёти классикии уйғур мебошад, бо теъдоди 150 нусха дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва дар матбааи «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор шудааст.
Муаллифи китоб Низомиддин Муродӣ оид ба марҳалаи пасисаршуда баҳри навиштани китоби нав, сафари эҷодӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва ошноию ҳамдастӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо донишмандони маъруфи ин кишвари афсонавӣ ибрози андеша кард. Қайд гардид, ки китоби «Адабиёти форсизабони Чин» иборат аз муқаддима, 2 фасл, 5 боб, мулҳақот, сарчашмаҳо ва осори таҳқиқӣ (232 саҳифа) буда, зери сарпарастии директори генералии ҶДММ «ЮБТ-принт» Обидхон Муҳитдинов рӯи чопро дидааст.
Сипас олимони варзида Нуруллохон Fиёсов, Ҳалимҷон Зоҳиров, Усмонҷон Fаффоров, Неъматҷон Файзуллоев, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Насимҷон Ҳамробоев ва дигарон оид ба ҳусну қубҳ ва бурду бохти китоб сухан карда, кори анҷомдодаи Низомиддин Муродиро бузург ва нек баҳри мустаҳкам кардани дӯстиву бародарии ду давлат ва миллат арзёбӣ намуданд.
Нотиқон зикр намуданд, ки адабиёти форсизабони Чин бори аввал аст, ки дар илми филологияи муосири тоҷик муаррифӣ мешавад. Адабиётшиноси ҷавон, вале хеле серғайрату қобилиятнок Низомиддин Муродӣ дар асоси пажӯҳиши доманадори худ маҳсули нахустини таҳқиқи хешро дар риштаи робитаҳои адабӣ барои дӯстони донишманд ва кулли иродатмандон пешниҳод кардааст. Дар ҷилди аввали китоб заминаҳои пайдоиш ва таърихи интиқоли фарҳанги суғдӣ дар кишвари Чин, ташаккулёбии адабиёти форсизабони Чин ва муҳити адабии уйғур то асри ХV нишон дода шудааст. Ҳамзамон, хонандагон метавонанд нахустин маротиба бо яке аз классикони адабиёти уйғур Мавлоно Залилӣ ва ғазалҳои форсӣ-тоҷикии ӯ шинос шаванд. Таҳқиқи мазкур далели боризи интишори ҷуғрофиёи адабиёту фарҳанги миллии мо дар Туркистони Шарқӣ ва Fарби Чин аст.
Дар фарҷом муаллифи китоб иброз намуд, ки алҳол танҳо ҷилди якум дастраси хонандагон гардидааст ва дар ояндаи наздик ҷилдҳои сонии китоб интишор ва ба дасти дӯстдорони адабиёт хоҳад расид.