(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти солинавии Раиси вилояти Суғд ба шахсони барӯманди Хуҷанд

Дар арафаи пешвозгирии Соли нави мелодӣ аёдати шахсони барӯманд ва собиқадорони меҳнат ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар арафаи ин ҷашн муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз барои муборакбодӣ ва аёдат меҳмони чанде аз чеҳраҳои саршиноси шаҳру вилоят, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд шуданд.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Робича Малинина ва Мамадхон Ишанов, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова, собиқадорони меҳнат, муаррих Усмонҷон Ғаффоров, бофанда Махфират Дадобоева, табиб Қутфиддин Сангинов аз ташрифи Назира Ғаффорӣ ва Шариф Шарифзода изҳори қаноатманди намуда, барои эътибору таваҷҷӯҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ намуданд. Ба ҳамаи аёдатшудагон номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  ва тӯҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.