(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шиносоӣ бо кори корхонаи профилҳои алюминӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри ХуҷандРоҳбарияти ширкати мазкур азм доранд, ки натанҳо бозори дохилиро бо профилҳои алюминӣ таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.Дар марҳилаи аввал ин корхона ҳамасола 3000 тонна алюминийи аввалияро коркард карда, аз он профилҳои алюминӣ истеҳсол менамояд. Пас аз ба кор даромадани навбати дуюмаш иқтидори он ба коркарди 6 ҳазор тонна алюминийи аввалия баробар хоҳад шуд. Агар ба ҳисоби пулӣ гирем, ҳоло солона дар ҳаҷми 35-40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин корхона 70 кас бо корӣ доимӣ таъмин мебошанд ва ояндаи наздик бо ифтитоҳи коргоҳи дуюм шумораи ҷойҳои корӣ ба 150 кас мерасад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки дар ҳамин ҷо, ҳамчунин истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти корхона пешниҳоди Сарвари давлатро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки шумораи ҷойҳои кориро ба 300 мерасонанд.Мавриди зикри хос аст, ки сӯзишвории асосии дар ин корхона истифодашаванда гази моеъ аст ва ин имкон медиҳад, ки маҳсулот камхарҷу арзон бошад. Шиносоӣ бо кори корхонаи профилҳои алюминӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри ХуҷандДар сохтмони ин корхона ва воридоту васли таҷҳизоташ 13 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.Корхонаи профилҳои аюминийи ин ширкат барои истеҳсоли қисмҳои алюминийи дару тиреза, витражҳо ва маводи конструксионӣ махсус гардонида шудааст.Тавре зикр гардид, Шиносоӣ бо кори корхонаи профилҳои алюминӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри ХуҷандОфарин Алюминиум ширкати муштараки тоҷикию туркӣ буда, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015 таъсис ёфтааст.Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии ширкати Офарин Алюминиум иштирок намуд.