(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паёми Сардори давлат – асоси ташаккули ҷомеа: Раҳнамои зиндагии шоиста         Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди мамлакатро ҳамаҷониба ва ба таври мушаххас таҳлил намуд. Паём воқеан, инъикосгари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чун ҳуҷҷати барномавӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро барои оянда муайян мекунад.         Шаҳрвандон андешаҳояшонро аз Паёми навбатии Сардори давлат ба таври зайл баён намуданд:

Нуралӣ Нуров, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров:

Дар Паёми хеш Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи насли наврас ва ҷавононро махсусан таъкид намуда, бо таҳлилҳои амиқ нишон доданд, ки дар фосилаи зиёда аз 10-сол чӣ қадар дастовардҳо, пешравиҳо, барои миллати мо насиб гардид. Ҳамзамон, ба ислоҳоти таҳсилоти ибтидоӣ ва низоми таҳсилоти томактабӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, зеро тарбияи насли комил аз боғча шурӯъ мешавад.

Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои ба ҳуввияти миллии ҷомеаи мо таъсиргузор ибрози андеша намуданд. Хеле хушҳол шудам, ки дубора ба фарҳанги Наврӯз аҳамият дода шуд. Ҳамзамон, посухи мушаххас бар асоси фармудаҳои пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам дода шуд. Дар асоси ин дастур насли наврас бояд ба омӯзиши бештари таърих рӯ оварад ва дар ин замина метавон ба аслу моҳияти Наврӯз, ки аз тарафи 135 давлати дунё чун падидаи наҷиби фарҳанги ҷаҳонӣ қабул карда шуд, ба хубӣ огоҳ гардад.

Сафар Эркаев, таърихшинос:

Мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро шунида, ба хулоса омадем, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои мушаххас таҳлил карда шуда, тамоми заҳмат барои ваҳдат, ободиву озодии Тоҷикистони азизамон равона карда шудааст. Паёми Сардори давлат барномаи асосии ҳаррӯзаи тоҷику тоҷикистониён ҳисобида маҳсуб мешавад. Ҳар фарди Тоҷикистон агар Ватанашро муқаддас  ҳисобад, барои амалӣ гардонидани нуктаҳои Паём саҳм хоҳад гузошт.

Маҳнозаи Маъруф, донишҷӯи шӯъбаи журналистика:

Кулли донишҷӯён дар радифи мардуми шарифи Тоҷикистон шиори «Аз Паём то паём»-ро пайгирӣ карда, Паёми навбатии Президенти мамлакатро босаброна шунида, барои таҳсилу фаъолияти хеш ба нафъи миллату давлат нақшаи хешро тарҳрезӣ намуданд. Дар паём ба маврид қайд гардид, ки мо дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ карда истодаем ва бояд фикру ақидаи хешро озодона баён намоем. Ҳамчунин, вазифаи ҷонӣ ва имонии хешро то ба дараҷаи аъло адо карда, барои боз ҳам шукуфоии Ватанамон саҳми арзандаи худро гузошта бошем.

Сардори давлат дар Паёми имсолаи хеш оид ба рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа андешаронӣ намуд. Минҷумла, зикр гардид, ки тайи 7 соли охир дар ҷумҳурӣ 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи нави кор сохта, ба истифода дода шуданд. Ин далели он аст, ки сатҳи зиндагии мардум тадриҷан рӯ ба беҳбуд мениҳад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардида, минбаъд чун раҳнамои зиндагии шоистаи шаҳрвандон хидмат хоҳад кард.