(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз корхонаҳои навтаъсис боздид намуд.

Бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ назар ба маълумоти Бахши амвол ва сармоягузории Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр ҳоло дар ҳудуди собиқ корхонаи консервабарории Хуҷанд 9 коргоҳи хурди гуногунсоҳаи нав таъсис дода шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз фаъоляти имрӯзаи чанде аз коргоҳхои истеҳсолии дар ин мавзеъ ҷойгиршуда боздид намуд.
Дар корхонаи истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти ширӣ, ки маҳсулоти худро бо номи «Пешсаф» манзури харидорон менамояд, 12 нафар фаъолият мебаранд.
Иқтидори шабонарӯзии коркарди шир дар ин корхона то 1200 килограммро ташкил медиҳад. Агарчанде ин коргоҳ нисбатан навтаъсис аст, ҳоло 12 намуди маҳсулоти ин коргоҳ дар бозорҳои вилоят ҳаводорони худро дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд доири бештар намудани теъдоди кормандон, назорати таъминоти иҷтимоии онҳо ва сифати маҳсулот дастур дода, зикр намуд, ки дар бозори рақобат ба хусус дар бозори маҳсулоти ширӣ танҳо фаъолияти самаранок барои рақобатпазир шудан имкон медиҳад.
Корхонаи дигар, ки айни замон дар марҳилаи насбу танзими таҷҳизоти истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан  қарор дорад, ҶДММ «Нӯшокиҳои муҳаббат» аст.
Бо ин мақсад ба маблағи умумии наздик 80 ҳазор доллари ИМА хатти истеҳсолии нӯшокиҳои ташнашикан ворид карда шуда, пешбинӣ мешавад, ки барои бештар гаштани талаботи бозор имкони бештар намудани иқтидори он мавҷуд аст.
Ҳоло дар сехи истеҳсолӣ 6 нафар мутахассисони чинӣ таҷҳизоти навро насб намуда, дар баробари ин аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ 4 нафарро барои идома додани фаъолият чун мутахассиси ин соҳа омода менамоянд.
Назар ба маълумоти роҳбарияти корхона онҳо ният доранд, то интиҳои сол ду намуд нӯшокии ташнашиканро вориди бозор намоянд.