(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Номаи сипос ба Раиси шаҳри Хуҷанд

Мӯҳтарам Раис!
Мо гурӯҳи соҳибкорон, ки дар майдони Регистони мавзеи “Панҷшанбе”-и шаҳр таи чанд чол инҷониб ба хариду фурӯши мевагиҳою полезиҳо машғул ҳастем, мехоҳем ба МИҲД шаҳр ва шахсан ба Шумо ҳамчун раиси шаҳр изҳори миннатдорӣ барои иқдоми некатон нисбат ба тартиб даровардани Регистон баён созем.
Рости гап то он даме, ки Шумо барои ба тартиб даровардани раставу нуҷтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, бозиҳои лотарея ва сабзаҷотҳо дастур додед, Регистони таърихӣ дар ҳолати ниҳоят табоҳ қарор дошт. Ба қавле, ки чӣ тавр хоҳад маҳсулоташро ба фурӯш мебароварду ин мавзеи таърихӣ ба мавзеи бесарусомониҳо табдил ёфта буд. Вазнинтар аз ҳама, баъди анҷоми бозор партову ифлосиҳои зиёди боқимонда табъи касро сахт хира месохт.
Инак, 15 рӯз муқаддам бо иқдоми Шумо Регистони Панҷшанбе ба қавле саробон пайдо карду вазъият куллан тағёир ёфт.

Растаҳои бетартиб ба тартиб дароварда шуданд. Гурӯҳи нозирони Регистон бо сарварии Ёқубҷон Бобоҷонов ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки дастуру супоришҳои Шумо дар сатҳи баланд иҷро гардад. Хусусан, муйсафедоне, ки баъди адои намоз барои чойнӯши мехостанд ба чойхонаи Қасри савдои Абдулазиз раванд, аз серодамиву бенизомӣ роҳи гузаштан намеёфтанд. Ирӯз бошад, аз иқдоми Шумо хурсанд ва дар ҳаққатон дуо карда мегӯянд: мешудааст-ку ба тартиб дароварда!
Роҳбарияти навтаъини Регистон зимни сӯҳбату бурдани корҳои тарғиботӣ оид ба риоя намудани маданияти савдо бо хиридорон хушмуомила будан, дод назадан, риояи талаботҳои гигиенӣ ва санитарӣ, нархи маҳсулотро аз рӯи адлу инсоф гузоштан дар бораи ниқшаву ниятҳояш нисбати боз ҳам ободтару тартибноктар кардани мавзеи Регистон мегӯяд. Мо ба чунин хулоса омадем, ки онҳо нияти нек доранд. Нияташон баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, мувофиқ будани шаҳрамон ба номаш, ки онро “Тирози ҷаҳон”, яъне, аруси шаҳрҳо меноманд, аст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Шумо мӯҳтарам Раис, мо тасмим гирифтем, ки фаъолияти соҳибкориамонро боз ҳам рушду нумӯъ бахшида дар ободии шаҳрамон, Ватанамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо эҳтиров гурӯҳи соҳибкорони “Регистон”-и Панҷшанбе, ҷамъ 107 имзо.