(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чароғи равшани дилҳо – муаллим!Дар Хонаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ба муносибати гиромидошти Рӯзи Омӯзгор таҳти унвони «Чароғи равшани дилҳо – муаллим» чорабинии идона баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли маорифро ба муносибаи Рӯзи касбиашон табрику таҳният гуфта, таъкид намуд:
«Таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ва шахсияти муаллиму устод ба ҳамагон мисли офтоб рӯшан аст. Зеро илму маориф омили асосии саодати миллат ва бақои ҷовидонагии халқу давлат аст. Бе инкишофи илму маориф ва таълиму тарбияи шоиста таъмини пешравӣ ва шукуфоӣ дар ҷомеа номумкин аст. Ниёгони сарбаланди мо илму донишро бузургтарин сарвати зиндагӣ ҳисобида, ганҷи хирадро аз ҳама ганҷҳои дигар воло шумурдаанд».
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шарифи Файз зимни суханронӣ ва табрикоти хеш таманниёт ва шодбошиҳои хешро ба аҳли маориф баён дошта, зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар тантанаҳои Рӯзи Дониш  таъкид намуданд, ки мактабу маориф омили муҳимтарин амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Самараи азму ҷидду ҷаҳди онҳост, ки ҳамасола теъдоди зиёди шогирдони муассисаҳои таълимии мо дар бонуфузтарин озмуну сабқатҳои ватанию хориҷӣ ба дастоварду комёбиҳои шоиста сазовор мегарданд ва обрӯю эътибори кишварамонро бештар менамоянд.
Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов низ омӯзгоронро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфта, аз хидматҳои аҳли маориф ва дастовардҳои арзандаи толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ёдовар гардид.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра омӯзгорони фаъолу эҷодкор унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», сипоснома ва ба собиқадорони маориф туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.