(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ошпази хуҷандӣ «Беҳтарин ошпази касбӣ» дониста шудРӯзи гузашта дар маҷмаи таърихии Боғи фарҳангӣ –фароғатии ба номи К. Хуҷандии «Фестивали оши палав» баргузор гардид. Дар ин озмун-фестивал, ки мақсад тарғиби анъанаҳои миллӣ, дарёфти унармандон-пазандагони бомаҳорати ин намуди хӯрок аст, ошпазҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд. Дар чорабинии мазкур ошпазҳои Хуҷанд Мирзобарот Раҳматов ва Исломҷон Раҳимов ширкат намуда маҳорати олии пазандаги худро манзури иштирокдорони ин чорабинии вилоятӣ намуданд. Ҳамчунин кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва табибони Беморхонаи шаҳрии № 1 низ бо ошпазҳои худ Комилҷон Камолов Файзулло Боҳиров ва Неъматҷон Файзуллоев дар озмун-фестивал ширкат намуда оши палави омода намудаи худро бо номҳои «Лаззат» ва «Аъло» пешкаши дӯстдорони ин намуди таом намуданд. altДар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, аз растаи ошпазҳо ва дастурхони оростаи намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуданд. Дар ниҳояти озмун  дар баробари дигар номгӯи шартҳои озмун ғолибият шарти «Ошпази беҳтарини касбӣ» насиби ошпази хуҷандӣ Мирзобарот Раҳматов гардид. Ошпази хуҷандӣ «Беҳтарин ошпази касбӣ» дониста шудБа ғолибиозмун муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ се ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва «Диплом»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ботантана супорид. Лозим ба ёдоварист,ки ин фестивал-озмун маротибаи дуюм баргузор гашта, марҳилаи аввали он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашта буд.