(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

хобам омадос сестричка шаб тузюк хоб рафтагим не Бо ҳадафи боз ҳам хурраму зебо гардонидани шаҳри Хуҷанд дар радифи шаҳрвандони касбу кори мухталиф, фарҳангчиён низ саҳми худро мегузоранд. Ин навбат тибқи нақша онҳо дар кӯчаи Гагарини маҳаллаи Сари баланд ҳозир шуда, 1800 метр ҷӯйборҳои ду тарафи роҳро тоза карда, роҳравҳоро рӯфта, об пошиданд ва шохаҳои хушкшудаи дарахтонро буриданд. Аз ҳисоби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соябони истгоҳ низ рангубор карда шуд.

Директорони мактабҳои санъат Мунира Мансурова, Инъомҷон Мӯъминов, Нуриддин Каримов, Хонаи маданияти № 2 Маҳмудҷон Дадобоев ва мактаби рассомии бачагона Абдурауф Раҳматов бо ҳамроҳии анқариб сад нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ бо роҳбарии бевоситаи мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Бахтиёр Қосимов сидқидилона меҳнат карда, ин гӯшаи шаҳрро тозаву обод намуданд.

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Шаҳри мо - ифтихори мо

Воқеан, он рӯз ин мавзеи шаҳр ҳашаргоҳро мемонд, зеро ҳамаи ҷамъомадагон ҷорӯбу бел, каланду сатил ва қайчӣ дар даст мехостанд кореро анҷом диҳанд, то шаҳри хушманзари мо боз ҳам дилҷӯтару зеботар гардад.

Иқдоми хуби фарҳангчиёнро раиси маҳаллаи Сари баланд Сангинбой Ҷӯрабоев бо ҳамроҳии сокинони маҳалла ва мудири қисми тарбиявии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5 Баҳрихон {ошимова бо ҳамроҳии хонандагони мактаб низ хуб истиқбол гирифта, бо меҳнати худ дар тозагии шаҳр саҳм гузоштанд.

Ташаббуси неки фарҳангчиён натиҷаи хуб дод, зеро дар баробари тоза кардани ин гӯшаи шаҳр онҳо нишон доданд, ки ободу зебо нигоҳ доштани макони зист қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад.