(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Конфронси илмии «Мероси таърихии Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд.

Дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд  чорабиниҳои мухталиф бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд»    баргузор мегарданд. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Мероси таърихии Хуҷанд” баргузор гардид.
Дар кори он Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  ширкат намуд.
Ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуд.
Дар муқаддимаи конфронси илмӣ ҳозирон суханронӣ ва маърузаи илмии Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро бо унвони  “Хуҷанд имрӯз ва уфуқҳои рушди фардо” шуниданд. Конфронси илмии «Мероси таърихии Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми баромади худ ба китобхонаи ин донишгоҳ  китоби тозанашри “Пешвои миллат”ро  супорида изҳори умедвори намуд, ки минбаъд низ олимони муҳаққиқони ин махзани илму дониш барои болор бурдани маърифати  худшиносии мардум ва тарбияи  насли олимони   пурмаҳсул боз ҳам бештар саҳми хешро мегузоранд.  Дар навбати худ   ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба Раиси шаҳр  Шарифзода Шариф Файз  нусхаи ду китоби ҷашнии олимони донишгоҳро,ки ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”  бахшида шудааст тӯҳфа намуд.

“Нақши Хуҷанд дар бунёд ва инкишофи маданияти Шарқ” чунин ном дошт маърӯзаи  навбатӣ,ки аз ҷониби номзади илмҳои таърих, мудири кафедраитаърихи халқи тоҷик Ҷурабек Исомаддинов  манзури  ҳозирон гардид. Ҷурабек Исомаддинов  бобати нигоҳдоррӣ эҳёи  мавзеҳои таърихии шаҳр ва эътибори шаҳдорию меъморон ба нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ҳангоми  корҳои сорзандагию ободкорӣ, ҳамчунин  азнавсозии симои маркази вилоят  таъкид намуд.
Мавзӯи навбатии конфронс, ки олими шинохта, номзади илмҳои таърих,дотсент Ҳабибулло Тоатов баромад намуд “ Хучанд дар замони истиклолият.” ном дошт. Дар маърӯза таърихи рушду дигаргунсозиҳои шаҳр дар даврони шӯравӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, номбурда андешаҳои хешро перомуни таҳкими арзишҳои ваьтандорӣ ва хештаншиносии мардум дар давраҳои зикргардида баён намуд.
Маърӯзаи дигаре,ки  диққати ҳозиронро ҷалб намуд, ин таҳлил ва омӯзиши “Анъан  ва сунатхои халкии Хучанд.” буд. Олими ҷавон номзади илмҳои филология, дотсент Исломҷон Рахимов дар маърӯзаи худ аз суннату ойин, расму анъанаҳои  мардуми Хуҷанд дар қарнҳои гузашта ёдовар шуда аз аҳамияти эҳё тарғиби онҳо ва эътибори пайвастаи онҳо дар тарбияи ахлоқию шаҳрдории сокинон  зикр намуд.
Нависандаи номӣ  Муҳиддин  Хоҷазод дар интиҳои қисмати илмии  конфронс баромад намуда, ҳозиронро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик намуд.
Барномаи адабиву фарҳангии дастаи ҳунарии “Ошёни меҳр” ба ин чорабинии илмӣ ҳусни  анҷом бахшид.