(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.
Бо ин мақсад дар баробари амалӣ намудани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ муқаррар гардидааст, ки ин санаи фархундаро метавон рӯзи шеъри оламгири форсӣ низ муаррифӣ намуд.
Воқеан, қудрату нерӯи ҳар забон, пеш аз ҳама, ба нерӯи хирад ва заковати суханварон ва андешапардозон пайванд аст. Аз ин ҷост, ки чун сухан дар мавриди забони тоҷикӣ ва шеъри оламгири форсу тоҷик меравад, шахсияти устод Рӯдакӣ ба ҳайси нахустин сухангустаре, ки дар вусъати меъёрҳои аслии шинохти шеър гуфтору андеша ва афкори хешро щунҷоиш додааст, намоён мегардад. Бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯии нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабии ҷомеаи мо ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.
Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад.
Устод Рӯдакӣ дар олами шеъру шоирӣ ба мақоме даст ёфт, ки дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёт кам касоне ба он сатҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки ӯро бо номҳои “султони шоирон”, “соҳибқирони шоирӣ”, “устоди устодон” ва “нахустустод” ёд мекунанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ва шеъри ӯ имрӯз низ бо мост ва мо бо мутолиаву баҳрабардорӣ аз мактаби одамияти ӯ ба мақому манзалати устод дар рушди фарҳангу адаби куҳанбунёди миллатамон ва кулли форсизабонони ҷаҳон беш аз пеш арҷ мегузорем.
Ҳамаи шумо – ҳамшаҳриёни азизро ба муносибаи Рӯзи Рӯдакӣ, ки рамзи ҷовидони шеъри Аҷам аст, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саодати зиндагӣ ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!