(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мукофотпулии Раис вилоят ба собиқадорони меҳнати шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар шахсони барӯманд, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва ходимони давлатӣ бо мукофотпулии Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.
Дар арафаи таҷлили ин иди хотирмон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ин мукофот баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи ин ҷамъомад муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода шахсони ба ин мукофот лоиқдонисташударо аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд табрик намуда, зикр намуд, ки ин таваҷҷӯҳ бори дигар аз қадршиносии меҳнату саҳми ин нафарони соҳибэътибор аз ҷониби давлату ҳукумат дарак медиҳад. Муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода дар лаҳзаи тантанавӣ ба дорандаи медали «Хизмати шоиста» Ҳайдар Набиев, Корманди шоистаи Тоҷикистон Муборак Негматова, дорандаи ордени «Нишони Фахрӣ» Нарзӣ Ҳаитова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоирова, дорандаи ордени «Ситораи Сурх» Абдумалик Қаҳҳоров ва дигарон 500 сомонӣ мукфотпулии Раиси вилояти Суғдро супорид.