(1 голос, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!
Шумоёнро бо ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз рӯзҳои муҳим ва муқаддаси дини мубини ислом мебошад, табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Мо медонем, ки таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, самимияту муҳаббат, муомилаи нек бо атрофиён, риояи аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморон ва ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону камбизоатон ва пос доштани хотири гузаштагон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон таъкид доранд: «Мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад».
Яке аз фазилатҳои асосии иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст.
Хушбахтона дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон дар рӯзҳои ид дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ва ҳам соҳибкорони саховатпешаву ҳимматбаланд дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд.
Умедвори онам, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамдигар, раҳму шафқат ба дардмандону нотавонон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон ва ба ҷо овардани ҳурмату иззати онҳо, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, сабру тамкин, муросову мадоро, сипосгузорӣ ва қадршиносиро амали ҳаррӯзаи зиндагии худ месозед.
Зикр бояд кард, ки ҳаҷ, яъне зиёрати хонаи Худо рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад. Бояд зикр кард, ки имсол 126 нафар ҳамшаҳриёни мо низ дар қатори мусалмонони ҷаҳон бо нияти ба ҷо овардани маносики ҳаҷ ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафтаанд.
Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо нафар мусулмонони ҷаҳон ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф хоҳанд шуд.
Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи диёрамон  дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати Иди Қурбон табрик мегӯям ва бароятон имони комил, сарбаландию некномӣ ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.