(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамшаҳриёни азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона, ки мову Шумо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ Шумо – мардуми сарбаланди Хуҷанди бостониро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям.
Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.
Истиқлолият дар баробари он, ки неъмати бузургтарин барои халқи тоҷик аст, инчунин ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон, бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ба таври сазовор адо намоем. Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароит фароҳам оварад.
Дар натиҷа мо дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ ба як силсила дастовардҳои бузурге ноил гардидем, ки онҳо роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъди кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кушода доданд.
Муҳимтарин дастоварди мо дар даврони соҳибистиқлолӣ таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари ободу озоди мо имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 25 сол қабл аз ин нахустин хишти пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати истиқлолият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаҳои саноатӣ, зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, барои болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон замина гузорад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Кодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Обод гардидани садҳо километр роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, қомат афрохтани даҳҳо иншоотҳои ҷашнӣ, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рӯзгори ободро фароҳам меоварем.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Бори дигар ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро ба ҳар як фарди Ватан самимона муборакбод гуфта, орзуманди он ҳастам, ки хуршеди озодию истиқлолият ба хонадони ҳар яки Шумо то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад! Ҷашни истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!