(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯдакистони № 1 шаҳри Хуҷанд баъди 50 сол фаъолияти худро идома дод.Дар шаҳри Хуҷанд боз як муассисаи томактабӣ дари худро барои кӯдакон боз намуд.
Аз соли 1964-и асри инҷониб яке аз нахустин кӯдакистони шаҳр, муассисаи томактабии №1 дар маҳаллаи «Чорчароғ» дар ҳолати вайрона қарор дошта, аз фаъолият бозмонда буд. Бо ибтикори Мақомоти иҷрои ҳокимитяи давлатии шаҳри Хуҷанд моҳи феврали соли равон дар ҳузури сокинони маҳалла санги асоси сохтмони бинои нави боғчаи мазкур гузошта шуда буд.
Ва инак дар рӯзи нахустини мавсими соли хониши нав сокинони кӯдакони маҳаллаи мазкур соҳиби тӯҳфаи арзанда гардиданд.
Дар расми кушоди ботантанаи ин муассисаи таълимию тарбиявӣ  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  ширкатт намуда тамоми тарбиятгирандагон волидайн, кормандони соҳаи маориф ва бошандагони ин маҳалларо бо оғози фаъолияти  наву замонавӣ табрик намуд. Кӯдакистони № 1 шаҳри Хуҷанд баъди 50 сол фаъолияти худро идома дод.Кӯдакистони мазкур имкон дорад то 200 нафар тарбиятгирандагонро аз маҳаллаи мазкур ба таълиму фароғат фаро  гирад. Бинои боғча аз се ошёна иборат буда, барои бозӣ таълим фароғат ва ҷойи хобу хӯрокхурӣ тамоми имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баробари оғози фаъолияти боғчаии мазкур 23 нафар тарбиятгирандагону кормандони зинаҳои гуногун соҳиби ҷойи корӣ гардида, ҳайати он аз мутахассисони соҳибтаҷриба иборат аст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ чаҳор миллиону ҳаштод ҳазор сомониро ташкил дода, тарҳу ороши бино бо иҷроиши талаботи меъморию сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.
Лозим ба қайд аст,ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми соли равон оғози фаъолияти ду қудакистони давлатӣ ва ду  кӯдакистони шахсӣ пешбинӣ гашта буд, ки боғчаи мазкур сеюмин кӯдакистони нав ба ҳисоб меравад.