(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тантанаи Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ дар ДДҲБСТСанаи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукӯҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2016-2017 оғоз ёфт. Ба ин муносибат ба ДДҲБСТ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ташриф овард. Ҳамчунин дар ин ҳамоиши тантанавӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, сарори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ ширкат варзиданд. Нахуст меҳмонон дар толори қисми даромадгоҳи бинои таълимии донишгоҳ бо намунаҳои дастовардҳои олимон ва устодони донишгоҳ дар самти ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ, таълифоти илмию методӣ ва ғайраҳо, ки тавассути компютеру ноутбукҳо, проектору наворҳо аёнӣ пешниҳод шуда буданд, ҳамчунин намунаи ҳунарҳои мардумии дастранҷи донишҷӯдухтарони донишгоҳ, гурӯҳҳои эҷодии «Ошёни меҳр», ансамбли рақсии «Хушхиром» ошно гардиданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ Раиси вилоят ҳамроҳи меҳмонон ва устодону муҳассилини донишгоҳ пахши мустақими телевизиони марказиро аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷараён гирифт, тамошо намуданд.
Баъдан, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди донишҷӯён сухан ронда, роҷеъ ба нақш ва мақоми Истиқлолият дар рушду такомули хоҷагии халқи мамлакат, махсусан соҳаи илму маориф, беҳдошти корҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилотӣ, муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият ва ҳадафҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати рушду такомули фарҳангу маънавиёт, тарғибу ташвиқи арзишҳои моддию маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва амсоли инҳо муфассал ибрози андеша намуд. Дар рафти суханронӣ ҷиҳати афзун гардонидани теъдоди гирандагони идрорпулии Раиси вилоят, дар давраҳои таътил ҳарчи бештар ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шудани донишҷӯёни фаъолу пешқадам, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ибрози назар карда шуданд. Дар интиҳои суханронӣ 6 нафар устодону муҳассилини пешқадами ДДҲБСТ барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму таҳсилот ва корҳои таълиму тарбия бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин ҷиҳати рушд ва ташаккули тарғибу ташвиқи омӯзиши ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба донишгоҳ 2 адад дастгоҳи бофандагии адрасу атлас тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар факултетҳо, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои таълимӣ, литсейи назди донишгоҳ донишҷӯён, устодон ва толибилмон сарҷамъона ба тамошои мустақими Дарси Сулҳ ва суханронии Пешвои миллат сафарбар гардиданд.