(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Футболбозони бинои 27 «а» чемпиони маҳаллаи «Тиллокон»Ҷиҳати иҷроиши накша- чорабиниҳои баргузории озмуну, мусобиқахо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз чониби Рохбари дастгохи ичроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон,  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи маҳаллаи "Тиллокон"-и шаҳр санаҳои 11 то 29 августи соли 2016 дар майдони варзишии Муассисаи давлатии Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 2-и шахри Хуҷанд мусобиқа оид ба футболи хурд байни биноҳои баландошёнаи маҳаллаи "Тиллокон" баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 10 даста дар 2 зергурӯҳ тақсим шуда, бо ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа ҷои якум  насиби дастаи бинои № 27 «а»гашта ғолибияти мутлақро ба даст оварданд. Дар ҷои дуюм дастаи бинои 17 ва дар ҷойи сеюм дастаи бинои 36 қарор гирифтанд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ва бозингарони бехтарин бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи маҳаллаи "Тиллокон" ва сарпарстони маҳалла сарфароз гардонида шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёхии вилояти Суғд Зариф Мирдадо, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов ва раиси Кумитаи маҳалаи «Тиллокон» Баҳрӣ Собирова иштирок намуда ғолибонро табрик намуданд.