(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Санги асос барои бунёди таваққуфгоҳи нақлиётӣ гузошта шудБахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар, хоса вилояти Суғд иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Нахуст бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматии 12 ошёна, маркази савдо ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ санги асос гузошта шуд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки масоҳатии умумии  сохтмон наздик як гектарро ташкил дода, ду бинои баландошёнаи 9 ва 12 қабата, таваққуфгоҳи бисёрқабата барои ҷойгиркунии 2 ҳазор автомобил дар як вақт, майдончаи бозии кӯдакон ва маркази савдову хизматрасонӣ бунёд карда мешавад. Толори варзишии  Ҷашнӣ ва Планетарияи шаҳри Хуҷанд тибқи нақша дар дигар минтақаҳои шаҳр, аз ҷумла, толори варзишӣ дар маҳаллаи Бофанда бо тарҳу намуди замонавӣ барои 1000 ҷои нишаст ва расадхона ба таври муосир дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и маркази вилоят аз ҷониби соҳибкорон сохта хоҳад шуд. Пешбинӣ гаштааст,ки  дар баробари расадхонаи  муосир   дар ҳамин мавзеъ, Боғи  фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо тарзу усули меъмории миллӣ бунёд ёфта, он аз хона музей фаввораҳои зебо ва гулгашт иборат хоҳад буд.
Бинои баладошёна ва таваққуфгоҳи мавзеъи Панҷшанбе бошад бо дарназардошти зиёд шудани нақлиёти сабукрав ва тамбашавии роҳҳо қомат афрохта, ин таҷриба, яъне истгоҳи бисёрқабатаи автомобилҳо дар кишвар нахустин ба ҳисоб меравад. Сохтмони иншооти мазкур бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ба сомон расонида шуда, намуди зоҳирӣ ва шакли бино бо тарҳи сохтмонии мавзеъи Панҷшанбе ба ҳам омезиш дода  мешавад. Зимни шиносоӣ Раиси вилоят тавсия дод, ки дар ошёнаҳои болоии таваққуфгоҳ маркази бузурги хизматрасониву савдо ва кӯдакистон бунёд карда шавад. Ин имкон медиҳад дар як вақт эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба муассисаҳои томактабӣ то андозае коҳиш ёбад. Ҳамчунин роҳбари вилоят дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, истифодаи васеъи техникаву технологияи замони муосир дар он ҷой дода шавад. Сипас бо гузоштани нома ба наслҳои оянда роҳбари вилоят ба бунёди ин иншоот расман оғоз бахшид.
Бояд қайд кард, ки иҷрои корҳои сохтмониро якчанд нафар соҳибкорони маҳаллӣ ба ӯҳда гирифта, толори нави варзишӣ дар маҳаллаи Бофанда ва боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо расадхона то моҳи сентябри соли оянда мавриди баҳрбардорӣ қарор хоҳад гирифт.