(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи иншооти нав ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБа истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боз як иншооти дигар - бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд.
Дар расми бо тантанаи ба истифода дода шудани ин бинои нав  Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуданд.
Бинои баландошёна аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Юлдошов бунёд ёфтааст. Бинои мазкур аз 13 ошёна иборат буда, дар қабати аввал ва дуввуми он маркази савдо ҷойгир карда шудааст. Баробари буридани лентаи рамзӣ ва шиносоӣ бо иншооти мазкур Раиси вилоят дар фазои тантанавӣ ба як оилаи ниёзманд хонаи дуҳуҷрадорро тақдим намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин оилаи ҷавон бояд давоми як сол аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод карда шавад. Оилаи ҷавон, ки нав соҳиби манзили зист гардидааст аз чунин таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар арзи хушҳолӣ кард ва ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ниёзмандон миннатдории самимии худро баён дошт.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии бинои баландошёна соли 2013 оғоз ёфта, барои анҷоми он беш аз 7 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Корҳои пудратӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии Бинокор бунёдгар ба сомон расонида шуда,  ҳангоми рафти сохтмон 200 нафар сокинон бо ҷои кории доимӣ таъмин гаштаанд. Бинои мазкур дорои 54 хонаи истиқоматӣ буда, хонаҳо аз 2-3 ва 4 ҳуҷра иборат мебошад. Ҳар як метри мураббаи хонаҳои истиқоматӣ бо арзиши 3,5 ҳазор сомонӣ пешниҳоди сокинон гардонида шудааст.
Зимнан Раиси вилоят ба анҷоми корҳо баҳои баланд дода, соҳибкорро барои дар оянда низ саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуд. Дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати соҳибкорон ва фароҳам овардани як қатор имтиёз ба онҳо имкон медиҳад, ки соҳибкорон дар тамоми кӯшаву канори кишвар корҳои ободониро вусъат бахшанд.
Ифтитоҳи иншооти нав ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонХуди ҳамин рӯз Раиси вилоят толори наву замонавиро дар назди мактаби таҳсилоти умумии рақами 30-и шаҳри Хуҷанд ба истифода дод. Сохтмони ин бино моҳи марти соли равон оғоз ёфта, он бо харҷи 1 миллиону 80 ҳазор сомонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ Нерӯи Суғд ба сомон расонида шуда, дар ҷарёни корҳо наздик 50 нафар бинокорон ҷалб гардидаанд. Дарозии толори варзишӣ 24 метр буда, бари он 10 метрро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо барои машқу тамрини хонандагон ва гузаронидани дарси тарбияи ҷисмонӣ тамоми шарту шароит фароҳам оварда шудааст. Чунончӣ толори варзишӣ дорои утоқҳои алоҳидаи сарулибосивазкунӣ ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон ва ҳуҷраи омӯзгор буда, ҳамзамон нуқтаи хизматрасонии тиббӣ барои ҳамин маҳал бунёд ёфтааст. Инчунин бо дастгирии шӯъбаи маорифи шаҳр ва волидайни хонандагон мактаби мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Оянда фароҳам овардани системаи ягонаи гармидиҳӣ барои ин мактабро Раиси вилоят муҳим арзёби дошта, барои ин 200 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Бояд қайд кард, ки мактаби мазкур то кунун толори варзиши надошт ва ҳамакнун ин иқдом дар арафаи таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тӯҳфаи арзандае гашт барои кулли омӯзгорону хонандагони ҳамин мактаб.