1761
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
25 Август 2016
Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Чунин як чорабинӣ дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и маркази вилоят аз рӯи намуди тенниси рӯи мизӣ байни кӯдакон ва наврасон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи шавқовар 40 нафар варзишгарони наврас дар 4 даста аз шаҳрҳои Хуҷанд Истаравшан ва ноҳияи ба номи Б Ғафуров ширкат намуданд.
Аз рӯи натиҷаи ба даст омада дастаи теннисбозони ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум, дастаи шаҳри Истаравшан сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони мусобика бо диплом ва тӯҳфаҳои Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии мазкур тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд доир гардид.