(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо зойирини шаҳри ХуҷандСафари гурӯҳи зойирини шаҳри Хуҷанд тавассути тайёра санаи 21 августи соли равон ба давлати Арабистони Саудӣ пешбинӣ гаштааст.
Имсол 126 нафар сокинони маркази вилоят тибқи қарори комиссияи дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озими давлати Арабистони Саудӣ хоҳанд шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо зойирини имсола мулоқот намуд.
Шарифзода Шариф Файз таъкид намуд, ки маҳз дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ афтодани иҷрои фарзҳои ҳаҷ басо рамзӣ буда, ҳозиронро даъват намуд, ки минбаъд барои тарғиби дастовардҳои кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ, шукргузорӣ  аз имкониятҳои ин даврони осоишта фаъол бошанд. «Маҳз бо шарофати истиылотияти давлатии кишварамон ва фароҳам омадани шароити мусоиду сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳазорон нафар мардуми кишварамон ба баргузории фаризаи ҳаҷ, зиёрати хонаи Худо дар Маккаи Мукаррама шарафёб мегарданд. Ин боиси шукргузорӣ ва ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад. Дини мубини ислом тадриҷан бо таммадуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавц, иæтимоц ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид.» инчунин зикр намуд дар суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Шайх Маслаҳатдин Хоҷӣ Хусейн Мусозада низ ба ҳозирон бобати иҷроиши ҳатмии фарзхои ҳаҷ тибқи мазҳаби Ҳанафӣ ва эхтироми суннатҳои миллӣ таъкид намуд.