(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 16 августи соли ҷорӣ дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Фестивали фарҳангию сайёҳии “Суғди бостон” баргузор гардид.
Ҳайати меҳмонон,-  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва иштирокчиёни Лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” –ро дар даромадгоҳи асосии ин маркази фарҳангию фароғатӣ  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз самимона истиқбол намуд.
Сараввал меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ошно гардиданд. Қабл аз баргузории барномаи ҷолиби консертӣ Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар назди ҳозирон баромад намуда, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ афзалият ба навъҳои туизми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад.
“Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад” – қайд намуд А.Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.
Ҳадафи аслии баргузор намудани Фестивали мазкур дар вилояти Суғд махсусан дар шаҳри Хуҷанд, ин муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзишии иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ, ҳамчун мамлакати пайваст ва дорои чор пайроҳаи “Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” мебошад.