(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шариф Шарифзода: ваъда бояд иҷрошаванда бошадМулоқоти навбатии Раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз бо бошандагони кумитаи маҳаллаи «Тиллокон»-и шаҳр ба назари мо нисбати ба пештарааш хеле такмил ёфта, ин дафъа бо ҷавобҳои саҳеҳу мушаххас ва ошкорову умедворнакунандаи мири шаҳр фарқ мекард. Дар ин бора баъдтар.
Ба маҳаллаи «Тиллокон» истиқоматкунандагони маҳаллаи 12-ум дохил мешаванд. Дар ин минтақаи канории шаҳр расман 10 ҳазору 181 нафар дар 3321 оила истиқомат мекунанд. Бунёди ин микроноҳия ибтидои солҳои 80-уми қарни гузашта оғоз гардида, охирҳои солҳои 80-ум ба итмом расонида шудааст. Дар ин ҷо барои бошандагон 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 кўдакистон хизмат мерасонад. Дар оғоз раиси шаҳр муждагонӣ дод, ки дар озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳр» Хуҷанд ғолиб омада ҷойи аввалро ишғол намуд. Баъдан Шарифзода Шариф Файз оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сухан ронда, изҳор дошт, ки дар таъмини иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинон саҳми бошандагони ин маҳалла низ басо калон аст.
Дар қисмати саволу ҷавоб бошад, сокинон аз раиси шаҳр бобати ҳаллу фасли баъзе масълҳои иҷтимоӣ ба монанди мумфарш кардани паскўча, сохтмони майдончаи варзишӣ, чароғон намудани байни биноҳои истиқоматӣ ва ғайра дархост намуданд.
Дар мулоқоти раиси шаҳр бо аҳолӣ якчанд муаммову мушкилот мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуд, ки ҳалли онҳо аз фаъолияти дастаҷамъонаи сохтори марбути масъала вобастагии калон дорад.