(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Таҷлил: ҚАДРШИНОСИИ  САНОАТЧИЁНИ  ДИЁРДар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июн чун Рӯзи кормандони саноати сабук таҷлил карда мешавад.

Бо дарназардошти он, ки саҳми соҳаи саноат, минҷумла, саноати сабук ва кормандони он дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ бузург арзёбӣ мегардад, давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри рушду такомули соҳа ва дастгириву ғамхорӣ нисбат ба заҳматкашон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ба ифтихори Рӯзи кормандони саноати сабук дар толори маҷлисии Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бо иштироки даҳҳо нафар намояндагони корхонаҳои хурд ва азими саноатӣ ҷамъомади идона доир гардид.

Таҷлил: ҚАДРШИНОСИИ  САНОАТЧИЁНИ  ДИЁРСараввал номаи муборакбодии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро сардори шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Содиқҷон Рустамов ба самъи ҳозирин расонида, Сипосномаи Раиси вилоят ва тӯҳфаҳои хоиравиро ба пешсафони соҳа супорид.

Аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абураҳим Солиев саноатчиёни маркази вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, Сипоснома ва тӯҳфаҳои идонаро ба меҳнатқаринон супорид.

Таҷлил: ҚАДРШИНОСИИ  САНОАТЧИЁНИ  ДИЁРРаиси Кумитаи вилоятии Иттифоқи касабаи кормандони саноати сабук ва бофандагӣ Абдураҳмон Раҳмонов низ дар симои ҷамъомадагон кулли саноатчиёни вилоятро шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъда баҳри ташаккули соҳа барору музаффариятҳо таманно ва пешсафонро бо Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр намуд.

Дар фарҷом собиқадори меҳнат Тӯтихон Соҳибова ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ҶДММ «Ҷавонӣ» Раъно Қаландарова арзи сипоси хешро барои чунин дастгириву ғамхорӣ ба Сардори давлат ва роҳбарони вилояту шаҳр баён намуданд.