(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Варзишгарони муҳтарам!
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумоёнро бо Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Таваҷҷӯҳи бештари Раиси вилояти Сущд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба тарбияи ҷисмонию варзиш буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Сущд Барномаҳои дурамали маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва рушди футбол таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дорад. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 230 иншоотҳои варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин  сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ  аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.
Дар ин давра беш аз 40 адад мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, ташкил ва гузаронида шуд.
Дастовардҳои варзишгарон аз рӯи намудҳои варзиш назаррас буда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба гирифтани 1406 адад медал, аз ҷумла 469 адад медали тилло, 430 адад медали нуқра ва 507 адад медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Боварӣ дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро маъруфият мебахшанд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Шумоёнро бо Рӯзи варзишгарон табрику муборакбод намуда, саодати рӯзгор, музаффариятҳои нав ба нав дар арсаи варзиш ва сазовор гардидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно менамоям.
Саломат бошед, варзишгарони саодатманд!