(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Марафони саломатии вилосипедронӣ дар шаҳри Хуҷанд.Субҳи имрӯз аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» то майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марафони саломатии вилосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинии варзишии мазкур дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар бахшида ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди оммавии варзиши намуди вилосипедронӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинии мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов кулли иштирокдорони марафони саломатиро барои дастгирии ташаббус изҳори сипос намуд. Марафони саломатии вилосипедронӣ дар шаҳри Хуҷанд.Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ низ дар навбати худ дар назди иштирокдорони чорабинии оммавӣ баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯз соҳаи варзиш, рушди он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар мадди назари аввал ва яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, баргузории чунин чорабиниҳои оммавию варзишӣ барои тадбиқи ин сиёсат мусоидат менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Марафони саломатии вилосипедронӣ наздик 300 нафар вилосипедронҳои синну соли гуногун фаъолона иштирок намуданд.