(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи теннисбозони наврас баргузор гардидТибқи нақша чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар мактаб Гимназияи №4 мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба тенниси рӯи миз, байни писарон ва духтарони солҳои таваллудашон 2003 ва хурд бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ва таътили тобистона баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд ва аз онҳо 16 нафар духтарон мебошанд.
Мусобиқа бо иштироки шумораи зиёди мухлисон ва ҳаводорони ин намуди варзиш баргузор гашт.
Байни духтарон аз рӯи нишондоди натиҷаҳои мусобиқа мақоми теннисбози беҳтаринро Сабрина Муродӣ соҳиб гашта, Меҳрона Ҳакимова ва Мадина Юлдошова ҷойҳои ифтихории дуюму сеюмро соҳиб гаштанд. Мусобиқаи теннисбозони наврас баргузор гардидБайни ҷавонписарон бошад Далерзода Муҳаммадазим тамоми ҳарифони худро мағлуб намуда, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Ҷойҳои баъдинаи ифтихориро Эраҷ Холиқов ва Сӯҳроб Замирӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон дар анҷоми мусобиқа бо тантана медал ва ифтихорномаҳо супорида шуд.