(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фаъолони шаҳр натиҷаи шашмоҳаро таҳлил намуданд.Субҳи имрӯз дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.
Дар маҷлиси муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳифзи сиҳатии омма, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеаи шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар маҷлиси ҷамбастӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ Абдуллозода иштирок намуд. Фаъолони шаҳр натиҷаи шашмоҳаро таҳлил намуданд.Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз кори ҷаласаро оғоз намуда, таъкид намуд, ки ба баррасии маҷлиси ҷамбастӣ масъалаи «Оид ба ҷамъбасти натиҷа-ҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли 2016» пешниҳод карда шудааст.
Аз рӯи масъалаи номбурда муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло баромад намуд.
Баъдан доири ин масъала сухан ба сардори нозироти андози шаҳри Хуҷанд Бедил Ҳусейнов дода шуд. Мавсуф доири натичаҳои фаъолияти нозироти андоз маълумоти мухтасар дод.
Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар маркази вилоят кормандони андоз кӯшиш доранд бобати ошкор намудани даромади аслӣ, аз ҷониби соҳибкорон ба хусус дар соҳаҳои хизматрасонӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ чораҳои судманд ба анҷом расонанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз сардори нозироти андози андоз мавриди омилу сабабҳои иҷро нагаштани се намуди андоз ва кам намудани бақияи андоз пурсиш ба амал овард.
Бедил Ҳусейнов қайд намуд, ки барои ислохи вазъ нақшаи мушаххас таҳия гашта, якҷоя бо сохторҳои дахлдор, кумитаи маҳаллаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон агарчанде бақияи андоз ба ҳаҷми бештар аз ду миллион сомонӣ кам гашта бошад ҳам, лек ҳанузам вазъ беҳбудӣ мехоҳад.
Ҳамчунин доири вазъи соҳаҳои худ ва натиҷаҳои он дар шашмоҳаи авали соли 2016 мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Абдумубин Исоев, сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова сардухтури маркази саломатии шаҳрии №4 Шаҳодат Юнусова, мудири қисми таълимии муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасон оид ба намуди бокс» Баҳром Усмонов дар назди ҳозирон маърӯза намуданд. Вобаста ба натиҷаҳо ва ҳолати имрӯзаи ҳар кадоме аз самтҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ вобаста ба ҷаласаи ҷамбастии соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ ва дастуру супоришҳои аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доири фаъолияти шаҳрдорӣ зикр гардида буд, суханронӣ намуд.
Бо вазифагузориҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, кори ҷаласаи ҷамбастии фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли равон кори худро ба анҷом расонд.