(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Намояндаи шаҳри Хуҷанд Чемпиони Тоҷикистон оид ба БрекдансДирӯз дар  пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар  толори «New ERA Dance & Fitness Studio» мусобиқаи марҳалавии интихобии ҳарсолаи брекданс бо номи Red Bull BC One баргузор гардид. Дар он 20 нафар беҳтаринҳо аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои ширкат дар марҳалаи Осиёи миёнагӣ мусобиқа намуданд. Мусобиқаро, ки  бо иштироки бештар аз 1000 нафар мухлисон баргузор гардид довари дараҷаи олӣ аз Венесуела Ту Ҷӣ сардоварӣ кард. Дар натиҷаи мубориза тезу тунд аъзои гуруҳи брекдансчиёни шаҳри Хуҷанд Саидакмал Саидзода бо номи Bboynimble ғолиби мусобиқа ҳамзамон Чемпиони Тоҷикистон оид ба Брекданс гардид ва ба роҳхат мусобиқаи Осиёи Маркази ки моҳи август дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад соҳиб шуд. Ҷои дуввум ва севвум насиби варзишгарон аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва Душанбе гардиданд, ки намояндаи шакҳри Қӯрғонтеппа Хуршед Ҳомидов бо номи bboyKhura соҳиби роҳхати дуввум гардид. Мусобиқаи байналхалқии брекдансчиён(“Бибоев”)- ҷаҳон байн 16 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби ширкати нӯшокиҳои энергетикии Red Bull таъсис шудааст. Мусобиқа аз руи усули”1 ба 1” баргузор мегардад ва ғолибро 5 нафар довар муаййан мекунад.Red Bull BC One аз мусобиқаҳои дигар бо усул ва тартиби гузаронидан тафовут менамояд. Саҳнаи доирашакл бо акси оина ва видиокамераҳои зиёди сабт мусобиқаро шукӯҳи дигар мебахшад.Ин мусобиқа ҳар сол дар шаҳрҳо мамалакатҳои гуногун гузаронида мешавад. Соли 2004 дар Биле( Шветсария ), соли 2005 дар Берлин (Олмон ), 2006 дар Сан-Паулу ( Бразилия ),  2007дар Йоханнесбурге ( Африкаи ҷанубӣ  ), 2008 дар — Париж ( Франсия),2009 дар Нью-Йорк ( США ), 2010 дарТокио (Ҷопон ).
2011 дар шаҳри Маскав ( Россия ),  2012 дар Рио-де-Жанейро ( Бразилия ), 2013 дар Сеуле ( Корея ), соли 2014 дар  Париж ( Франция), ва соли 2015 дар  Рим ( Италия ). баргузор  гардид. Соли равон марҳалаи финалии мусобиқа дар Нагояи Ҷопон моҳи декабр баргузор мешавад Ғолиби мусобиқаи Осиёи миёна дар Алмаато ба Ҷопон роҳхат хоҳад гирифт.

Фахриддин Атохӯҷаев