(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дар шаҳр фаъолиятбаранда нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар ин конфронси матбуотӣ, ки дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, муовинони Раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Роҳбари маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов иштирокдори нишасти матбуотӣ буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода аз дастоварду муаммоҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан карда, оид ба даромади буҷети маҳаллӣ ва иҷрои андоз, соҳаҳои саноат ва иқтисод, маориф ва тиб, фарҳангу ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, алоқаву нақлиёт ва сохтмону ободониҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд 318 қарор ва 126 амр вобаста ба масъалаҳои гуногун ба тасвиб расида, 38 машварати назди Раиси шаҳр доир гардид, ки дар онҳо 114 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин муддат маъракаи муҳими сиёсӣ доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки аз шумораи умумии шахсони раъйдиҳанрда 94,1 фоиз дар маърака иштирок намуд.
Дар шаш моҳи соли 2016 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 365695 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, аз 169 корхонаи саноатӣ 80 адад нисбат ба сатҳи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол карданд. Дар ин давра 12 корхонаи саноатии нав таъсис ёфт, ки барои 270 нафар ҷойи корӣ фароҳам омад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёи истифодаи шахсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз кам шуд.
Ҳаҷми хизмати пулакӣ ба аҳолӣ аз ҷониби ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 437521 ҳазор сомониро ташкил дода, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рeи баҳои пешакӣ 44,8 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар соҳаи тандурустӣ ҳам корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Дар ин муддат 803 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 197 адад кам мебошад.
Дар ин муддати фаъолият 5 иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Пас аз маълумоти муфассал оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ба саволҳои бешумори намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дод. Аз он ҷумла, мухбири рeзномаи «Минбари халқ» Мирзоаъзам Мақсудов, мухбири рeзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ, намоянда аз телевизиони вилояти Суғд Субҳиддин Қодиров, хабарнигори нашрияи «Тирози ҷаҳон» Мавзуна Ваҳҳобова, журналист Қамари Аҳрор, хабарнигори рeзномаи «Ҳақиқати Суғд» Тавҳида Ҷeраева, сармуҳаррири нашрияи «Тирози ҷаҳон» Муҳайё Воситзода, намояндаи ШТР «СМ-1» Манижа Юсуфова, ШТР «Ҷаҳоноро» Парвина Боймуродова, ШТР «Азия» Мeниса Атаева, хабарнигори рeзномаи «Согдийская правда» Хуршеда Содиқова, сармуҳаррири радиои вилояти Суғд Мунаввара Мирзоумарова ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.