(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машқи тирпарронӣ

Бо мақсади такмили маҳорату малакаи ҷангии аскарону афсарони дар захира буда, дар асоси нақшаи кории комиссариати ҳарбии шаҳр рӯзи гузашта дар машқгоҳи ҳарбии Гарннизони ҳарбии вилоят воқеъ дар мавзеи «Чоруқдаррон» машқи тирпарронӣ гузаронида шуд.
Дар он зиёда аз 600 нафар собиқ аскарону афсарони мустаъфӣ, ки шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҳастанд, хусусан, собиқадорони ҷанги Афғонистон, иштирокчиёни барқарорунии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ таҳти фармондеҳии комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Эҳсон Ғанихоҷаев гузашт, ки дар он ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии шаҳр ва як зумра афсарону аскарони қисми низомии маскуни шаҳр дар гузаронидани ин чорабинӣ кӯмак карданд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло ҳамчун сарпарасти соҳа ба машқгоҳ омада бо рафти машқҳо шинос шуд. Машқи тирпарронӣ Зимни сӯҳбат бо комиссари ҳарбии шаҳр ва раиси кумиати маҳаллаҳои шаҳр Файзулло Мамадҷонов фикру мулоҳизаҳои худро оид ба гузаронидани машқ, омодагии дифоъи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва андешидани чораҳои зарурӣ нисбати омодабоши ҳарбии аҳолӣ баён дошт.
Эҳсос мешуд, ки дар машқи тирпарронӣ хусусан ҷанговарони байналмилал ва иштирокчиёни сохтит конститтсионии ҷумҳурӣ фаъол буданд.
Дар маҷмӯъ ташкилкунандагони чорабинӣ аз омодагии дифоъи аскарону афсарони захира қаноатманд буданд.