(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳр дар меҳмонии шахсони кӯҳансолтарини Хуҷанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи Иди саиди Фитр шахсони ниёзманду имконияташон маҳдудро аёдат намуда кӯмаки яквақтаина расонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр 10 нафар шахсони эҳтиёҷманд, собиқадорони меҳнат, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва нафарони кӯҳансолтарини Хуҷандро аёдат намуд.
Сараввал Шарифзода Шариф Файз ба аёдати хонаводаи Одиловҳо омад. Дар ин манзил ҷанговари матин, барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, шодравон Одилҷон Калонов умр ба сар бурдааст. Раиси шаҳр падари хонавода Дадоҷон Калоновро бо Иди Фитр табрик намуда, зикр намуд, ки мақомоти давлатӣ барои расондани кӯмаки ҳамаҷониба ба онҳо ҳамеша омода аст. Ҳамзамон Раиси шаҳр меҳмони ду нафар шахсони кӯҳансолтарини шаҳр Очаой Солиева ва Дадоҷон Охунов шуд, ки онҳо соли равон 99 солагии худро қайд намуданд.
Баробари табрикоти самимӣ Шариф Шарифзода Файз бо онҳо аз таърихи гузашта ва зиндагиномаашон ёдовар шуда, мулоқоти самимӣ анҷом дод.
Дар шумори аёдат шудагон, қаҳрамони меҳнат Ҳамро Тоҳирова, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд олими шинохта Назирҷон Турсунов, собиқадори меҳнат, Тоҳир Бобоев, Акобир Умаров, Ҳайдар Саидов, собиқадори ҷангу меҳнат Мамадхон Эшонов низ буданд, ки Раиси шаҳр баробари таманниёти нек ба ҳамаи аёдатшудагон кӯмаки яквақта иборат аз маводи ғизоро супорид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бештар аз ҳазор нафар сокинони эҳтиёҷманди маркази вилоят аёдат карда шуда, ба ҳамаи онҳо кӯмаки яквақтина барои дастурхони идонааашон расонда шуд.