(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди корӣ аз бозори «Деҳқон»Бо мақсади нигоҳ доштани нархи бомароми маҳсулоти ниёзи мардум ҳамчунин тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вобаста ба масъалаҳои муҳайё намудани имконияту шароити мусоид барои ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, дар шаҳри Хуҷанд чораҳои амалии ҳамарӯза андешида шуда истодааст.
Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати имрӯзаи фаъолияти бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти кишоварзии «Деҳқон», воқеъ дар маҳаллаи 34, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо ҳамроҳии муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ба бозори номбурда омада бо роҳбарияти бозор, фурӯшандаю харидорон мулоқоти бевосита анҷом доданд. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар ин бозор деҳқонон ва фурӯшандагон асосан аз ноҳияҳои Мастчоҳ ва қисман аз вилояти Хатлон ба сокинон тариқи яклухт ва чакана харбузаю тарбуз пешниҳод менамоянд.
Нархи донаи тарбуз аз 2,50 сомонӣ то 6 сомонӣ ва харбуза аз 4 сомонӣ то 8 сомониро ташкил дода, он нисбат ба бозорҳои чаканафурӯшии шаҳр 20-30% арзон мебошад.
Ҳангоми мулоқоти бевосита бо яклухтфурӯшандаҳои бозори мазкур муайян гардид, ки онҳо асосан аз шароити бозори ташкилгардида қаноатманд буда, нисбати ҳолатҳои аз фурӯшандагон талаб намудани иҷозатнома (литсензия) аз ҷониби мақомоти назоратӣ дар роҳҳо изҳори нигаронӣ намуданд.
Барои ба низоми муайян даровардани фаъолитяти бозор дар самти тозагӣ, паст намудани нархи маҳсулот, тартиби ҷойгиркунии фурӯшандагон дастуру супоришҳо дода шуда, барои ислоҳи вазъ мӯҳлат муқаррар карда  шуд.
Дар маҷмӯъ фаъолияти бозори яклухтфурӯшии маҳсулоти кишоварзии «Деҳқон» қаноатбахш буда, нархи маҳсулоти ин бозор қобили дастрасии сокинон аст.
Ҳамзамон бо мақсади боз ҳам бештар фароҳам овардани имконияти дастрасии тамоми қишри мардум ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили харбузаю тарбуз, «Нақшаи ҷойгиркунии нуқтаҳои савдои мавсимии фурӯши харбузаю тарбуз дар шаҳри Хуҷанд» тасдиқ гардида, дар 40 мавзеҳои шаҳр нуқтаҳои фурӯши ин маҳсулот иҷозат дода шудааст.