(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Танатанаи Иди Ваҳдат дар Кохи РӯдакӣСубҳи имрӯз дар Кохи ба номи Рӯдакии маркази вилоят ҷамъомади идона бахшида ба 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва собиқадороони меҳнату аҳли зиё баргузор шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо маърӯзаи идона баромад карда, аз нақш ва мақоми Ваҳдати миллиро дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ зикр намуда, гуфт, ки «маҳз ба ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ санаи 27 июни соли 1997 оташи ҷаги бародаркуш басанда гардид ва сулҳи деринтизор ба диёри мо омад».
Шарифзода Шариф Файз дар идомаи сухарониаш аз комёбиву дастовардҳои мардуми хуҷандшаҳр давоми 19 соли охир ҳарф зада, аз ҷумла қайд кард, ки: Самараи ваҳдат аст, ки шаьри Хуҷанд дар муддати 19 соли Ваҳдати миллӣ ободу зебо гардида, иншоотои азим, ба монанди - Нишони давлатӣ дар соҳили дарёи Сир, қомат афрохтани пайкараи асосгузори давлати бузурги тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсила-фаввораҳо, ҳавзи шиновариву майдончаи яхмолакбозӣ, варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», Кохи матбуот, Қасри варзиш, Кӯдакистони Президентӣ, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», корхонаҳои муштарак ва хурду миёна, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва амсоли онҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.Танатанаи Иди Ваҳдат дар Кохи Рӯдакӣ
Ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд, 13» Гулбаҳор Назирӣ аз номи  вакилони халқ табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳими расидан ба хушбахтиву хушрӯзӣ ва дастоварду муваффақиятҳост.
Чорабинии идонаро барномаи рангини консертии устодони санъати шаҳр ба васфи Ватани маҳбуб, Ваҳдату дӯстӣ, рафоқату ҳамдастӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.