(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Истироҳатгоҳи «Парвоз» дари хешро ба рӯи толибилмон боз намудБасти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон - «Парвоз» бо фарогирии 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор ба фаъолият шурӯъ кард. Дар рӯзи кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода Муродӣ, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Султонов И.И., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дадобоев Ғ.Ҷ., намояндагони шуъбаи маориф ва волидайни истироҳаткунандагон иштирок доштанд.
Сараввал сармураббияи истироҳатгоҳ Тошматова Саодат муждаи сардорони дастаҳоро қабул намуд. Сипас муждаи сармураббияи урдугоҳ ба сардори истироҳатгоҳи «Парвоз» Камолов Муқим расонида шуд.
Баъд аз расонидани мужда Парчами иттиҳодия дароварда шуда, аз ҷониби истироҳаткунандагон Суруди миллӣ хонда шуд. Сардори истироҳатгоҳ чорабиниро кушода гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, сухани табрикотиро ба муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ дод. Истироҳатгоҳи «Парвоз» дари хешро ба рӯи толибилмон боз намуд Муовини Раиси шаҳр таманниёт ва шодбошиҳои Раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонда, ба истироҳаткунандагон фароғати хуш таманно кард.
Баъд аз баровардани парчами иттиҳодия қисми дуюми чорабинӣ оғоз гардид. Дар он аз ҷониби истироҳаткунандагон барномаи ниҳоят рангину хотирмон намоиш дода шуд, ки ба ҳамагон хеле писанд омад.
Мавриди зикр аст, ки чор хобгоҳи истироҳатгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҷои хоби истироҳаткунандагон бо рӯйпушҳои тозаву озода пӯшонида, деворҳои он бо ҳамагуна овезаҳову гуфторҳо, расмҳои кашидаву гулҳои сохташуда ороиш дода шуданд. Ҳамаи хобгоҳҳо барои қабули кӯдакону наврасон ҳамаҷониба омода карда шудаанд. Инчунин таъмири ҷории пункти тиббӣ, ҳуҷраи оббозӣ, ҳоҷатхона, ошхона, майдончаҳои варзишӣ, саҳнаи истироҳатгоҳ ва ҳавзи оббозӣ низ ба охир расид.
Барои дар сатҳи баланд омода намудани истироҳатгоҳ, таъмин бо маводи ғизоӣ ва фароғати хонандагон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин имкон дод, ки истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» саривақт ҳамаҷониба барои қабули хонандагон омода гардад ва ҳамаи шароит барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муҳайё карда шавад.

Нуъмон Раҷабзода