(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Рўзи гузашта мулоқоти роҳбарияти Шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд, КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд», Литсейи сохтмони шаҳр ва Омўзищгоҳи касбҳои техникии №56 бо мақсади иҷрои дастури Раиси шаҳр Шарифзода Ш.Ф. ва нақшаи корӣ якҷоя бо Шўъбаи маориф бо хонандагони соли хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№31, 2,,6,7, ва 8 мулоқот оростанд.
Сардори Шўъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Калонова нахуст хонандагонро бо ба итмомраси соли хониш табрик гуфта, дар ҷодаи бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ барору муваффақиятҳо хост. Баъдан ў хонандагонро аз фаъолияти кории Шўъба ва чораби ни ҳои доир менмудаи он ба монанди ярмркаи ҷойҳои холии кор, имтиёзу дастгириҳои ҷавонони б соҳибкорӣ машғул шаванда, муҳайё будани шароити мусоид барои омўхтани ҳунарҳои халқӣ-атласу адрасбофӣ барои духтарон ҳарф зада гуфт, ки хусусан омўхтани ҳунарҳои халқӣ тавассути КВД «Маркази таълими шаҳри Хуҷанд» ройгон ба роҳ монда шудаст.
Мавсуф хатмкунандагонро бароми омўхтани касбу ҳнар даъват намуда, зикр дошт, ки машғул шудан б меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷавононро аз рафтан ба роҳи хато бозмедорад. Зеро, имрўзҳо бинобар ба шуғл мондани ҷвонон яке аз сабабҳои пайвастани эшон ба ҳизбу ҳаракатҳои  харакетри экстремистӣ дошта гардидааст.
Бино ба гуфти Гулчеҳра Калонова хатмкунандагон-писарбачаҳо бештар ба омўхтани унари кафшергари газу барқ ва духтарон бошанд, ҳунарҳои қаннодиву атлсу адрасбофӣ ва муҳосибӣ мароқ зоҳир карданд.
Дар назар аст, ки ин гуна вохўриву мулоқотҳо рўзҳои наздик дар мктабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№12, 28, 11, 14 ва 15 барпо карда мешавад. Дар маҷмўъ вохўрив умулоқотҳо то анҷоми имтиҳоноти давлатӣ дар мактабҳои шаҳр идома хоҳанд ёфт.