(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо намояндагони шаҳри НовосибирскРаиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз намояндагони шаҳри Новосибирски Федератсифяи Русияро, ки бо мақсади иштирок дар чорабинии «Фестивали зардолу ва гул» ба вилоят омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Нахуст муовини якуми риси шаҳри Новосибирск Игнатьев В.А. аз номи ҳайати меҳмонон барои пазироии гарму ҷӯшон ба Раиси шаҳр изҳори сипос намуда, гуфт, ки табиати зебову ҳавои тозаи минтақа онҳоро тасхир кардааст. Ба андешаи онҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ҷодаи туризм ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро, табиати зебои диёр, хусусан манзараҳои дилфиреби соҳили «Баҳри тоҷик» имкон медиҳад, дар ин ҷода муваффақ гардем.
Иловатан меҳмононро боғоти вилоят, хусусан меваҳои шаҳдбори зардолуву олу, гелосу олуча ва шафтолу ба ваҷд овардааст. Онҳо гуфтанд, ки дар умрашон бори нахуст меваҳои донакдорро бевосита аз дарахташ канда истеъмол кардаанд.
Аз шиносоии мухтасар мо ба чунин хулоса омадем, ки бо маблағгузорӣ метавон дар маркази вилоят захира ва коркарди меваҳоро ба таври муштарак ташкил кард,-гуфт Виктор Александрович.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар навбати худ оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сухан ронда, гуфт, ки Хуҷанд шаҳри саноатӣ буда, хусусан саноати сабук хеле рушд ёфтааст. Дар қаламрави шаҳр 66 корхонаи саноатӣ амал мекунад. Чанд корхонаи муштарак, аз ҷумла, КМ «Ҷавонӣ» бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти пӯшокаи ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ истехсол мекунад. Бо назардошти он, ки дар вилоят захираи калони ашёи хом-пахта фаровон аст, таъсиси корхонаҳои муштаркаи бофандагтию дӯзандагӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Шарифзода Шариф Файз ҳамзамон аз рушди соҳибкорӣ дар шаҳр харф зада гуфт, ки 7000 соҳибкорони хуҷандӣ фаъолияти хешро рӯз аз рӯз тақвият мебахшанд. Онҳо берун аз қаламрави шаҳр низ чанд корхонаҳо ташкил кардаанд. Масалан, дар ҷумҳурии Қазоқистон чанд элаваторҳоро барои захираи гандум насб кардаанд. Солҳо охир бевосита заминро ба иҷора гирифта, худ гандум кишта истодаанд.
Муовини якуми раиси шаҳри Новосибирск Игнатьев В.А. гуфт, ки вилояти Новосибирск хусусан ба мевагиҳо сахт эҳтиёҷманд аст. Аз ин рӯ, таъсиси корхонаҳои муштарак ҷиҳати содироти мева ба Новосибирск ба манфиати кор аст. Иловатан, шаҳр  дар шоҳроҳи транзитӣ ҷойгир шуда, бо бисёр вилоятҳои азими Федератсияи Русия ба монанди Томску Кузбас ва Омск ҳамсарҳад аст, ки маҳсулоти содиротмекардаи соҳибкорони тоҷик серхаридор хоҳад буд.
Мулоқот дар руҳияи хамдигарфахмиӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт. Ҷонибҳо барои якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин директори генералии Ширкати «Груп Компания Холидей»-и шаҳри Новосибирск Крамич И.В., мушовири Палатаи савдои шаҳри Новосибирск Кузменько Э.А., намояндаи Палатаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Салимҷон Икромов ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Солизода Раҳим Рашидӣ иштирок доштанд.
М.Мақсудов.
Дар сурат: лаҳзаи мулқоти корӣ.
Суратгир Комилҷон Дадобоев