(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чаласаи фаврии Раиси шаҳрСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо иштироки муовини авали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода, масъулини дахлдори соҳаи беҳдошту санитарӣ, ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи бойторӣ, обтаъминкунӣ ва хоҷагию коммуналӣ ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Сараввал директори Маркази назорати давлатии сантираю эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷит, Мухтор Каримов сардори Раёсати назорати давлатии байторӣ,Фирдавс Бойматов сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, Иброҳим Абдуҷалилов директори генералии КВД «Хуҷандобуканал»  ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири ҳолати имрӯзаи сантирии марказҳои савдо, хизматрасонӣ, ки бо фурӯши маводи хӯрока машғул ҳастанд, низоми сифати маҳсулоти гӯшту ширӣ дар фурӯшгоҳҳо, маводи қаннодӣ, меваҷот, ҳамчунин ҳолати имрӯзаи обтаъминкунии сокинон маълумот доданд.
Масъулон қайд намуданд, ки аз ҷониби онҳо корҳои назоратию санҷишӣ пурзӯр карда шуда, ҳамарӯза сифати маводи хӯрокаи тезнобудшаванда аз санҷиши лабараторӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин сокинони шаҳр бо оби ошомиданӣ сари вақт таъмин буда, ҳолатҳои садамавии дар хатҳои обтаъминкунӣ ва ташноби шаҳр рух дода оҷилан бартараф карда мешавад.
Баъди шунидани ахбороти масъулин Шарифзода Шариф Файз ба нафарони зикргардида супориши қатъӣ дод, ки фурӯши тамоми маҳсулоти худсохти қаннодӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан манъ карда шуда, сифати маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва меваҷоти воридшаванда ҳамарӯза аз ташхиси махсус гузаронида шавад. Дар баробари ин мутасаддиёни шӯъбаи иқтисодиёт ва савдо дастур гирифтанд, ки фурӯшгоҳҳои бенизом ва бе иҷозат ташкилшударо барҳам дода, барои дар мавзеҳои савдои оммавӣ, бозорҳо ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум таъмин намудани ҳолати санитарӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, шӯъбаи муҳити зист, низ вазифадор гаштанд, ки барои тозагии соҳили дарёи Сир, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳайати фаврии наҷотдиҳӣ, тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ бобати пешгирӣ намудани ҳолати ғарқшавии сокинон ва оббозӣ накардани сокинон дар ҷойҳои манъшуда, гузоштани нишонҳои махсус дар мавзеҳои барои оббозӣ манъшуда чораҳои судманд андешанд.
Шарифзода Шариф Файз ба роҳбари Маркази иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳр Маҳмудҷон Дадобоев, масъулини соҳаи тандурустӣ ва супориш дод, ки дар мавриди тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳу усули дурусти обутоби баданд ва эмин доштани сокинон аз «офтобзанӣ», худдории шаҳрвандон аз истифодаи хӯроку нӯшокиҳои худсохт ҳамкориро бо воситаи ахбори оммаи маҳаллӣ бештар намуда, силсилаи барномаю гузоришҳо ва маводи чопиро дар ин мавзӯъ пахшу нашр намоянд. Инчунин барои таъмини маркази «Ёрии таъҷилӣ» бо дорувории махсуси мавсимӣ, таҷдиди реҷаи кори идораи махсуси партовкашонии шаҳрӣ, бо дорувории махсус коркард намудани партовҷойҳо ва қуттиҳои партов, маҳв намудани ҳашароту ҳайвонҳои касалипаҳнкунанда тибқи нақшаи махсус корбарӣ намоянд.
Дар ҷаласаи фаврӣ зикр гардид, ки бо назардошти фарорасии таътили тобистона барои муҳассилини макотиби шаҳр, дар лагерҳои истироҳатӣ, назорати қатъии ҳолати тозагию ободӣ ва таъминоти онҳо бо оби нӯшокӣ ҳамарӯза бурда шуда, соати кори фаввораҳои шаҳр зиёд карда шавад.